Хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ

Шумо Ширкати худро доред ва мехоҳед, ки ба он ташкилоти қарзии боэътимод ва устувор хизматрасонӣ намояд, ки бо он кор кардан ҳамеша қулай ва гуворо бошад, пас шумо ба ҷои лозима муроҷиат намудед!

ҶДММ “Васл” хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ (РКО) -ро бо амалиётҳои васеъ барои кушодан ва пешбурди суратҳисобҳо, ки ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ мебошанд ва дараҷаи баланди эътимоднокиро кафолат медиҳад.

Равобити мукотиботӣ бо бузургтарин бонкҳои хориҷӣ ба мизоҷони мо имкон медиҳад, ки пардохтҳои байналмилалиро дар саросари ҷаҳон анҷом диҳанд. Мо тамоми қувваамонро ба харҷ медиҳем, ки хизматрасониҳои ҳисоббаробаркунию хазинавӣ дар бонк зуд ва қулай бошанд.

АЗ ХИЗМАТРАСОНИИ МО ИСТИФОДА БАРЕД:

  • кушодан ва пешбурди суратҳисобҳо бо: Сомонӣ; Доллари ИМА; Евро; Рубли русӣ;
  • пардохтҳо ва интиқоли ғайринақдӣ бо пули миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • пардохтҳо ва интиқоли ғайринақдӣ ба кишварҳои хориҷаи наздик ва дур бо асъори хориҷӣ;
  • хизматрасонии хазинавӣ;
  • амалиёти мубодилаи асъор;
  • расонидани хизматрасониҳои машваратӣ ба мизоҷон оид ба ҳамаи масъалаҳои хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ

Инчунин, барои роҳати шумо, шумо метавонед аз хизматрасонии огоҳиномаи SMS ва E-mail истифода баред. Ин хизматрасонӣ ба шумо дар сарфаи вақти шумо кӯмак карда, ба шумо имконият медиҳад, ки дар бораи ҳаракат дар суратҳисоби худ ба тариқи қулай – тавассути SMS ё E-mail маълумот гиред.