Қарзҳо барои шахсони ҳуқуқӣ

Рушд ва тавсеаи тиҷорат ҷалби маблағгузории устуворро талаб менамояд. Зарурати маблағгузорӣ дер ё зуд, ҳам аз тиҷорати нав ва ҳам аз оне, ки аллакай бомуваффақият амал мекунад, ба миён меояд. Бо ин мақсад, дастаи мо қарзҳои дастрасро таҳия намудааст, ки ба дастгирии тиҷорати шумо кӯмак мекунад ва суръати нави рушдро муқаррар мекунад. Қарзҳои мо ба шумо кӯмак мерасонад, ки сармояи муомилоти худро афзоиш диҳед ё онро ба воситаҳои асосӣ равона созед.

Таъминот: амволи манқул / ғайриманқул
Маблағ: аз 100,000 то 500,000 сомонӣ.
Муҳлати қарз: аз 3 то 36 моҳ.

Талаботҳои қарздиҳӣ:

  • Шахсони ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд;
  • Собиқаи корӣ на камтар аз 6 моҳ;
  • Мутобиқати тиҷорат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мавҷуд набудани ӯҳдадорӣ назди шахсони сеюм;
  • Доштани таъминоти гарав.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

  • Ариза барои гирифтани қарз;
  • Ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
  • Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
  • Дигар ҳуҷҷатҳое, ки қарзӣ пешниҳод кардааст